МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР МЕАФЗОЯД

Декабрь 30, 2010 15:35

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-29 декабри соли 2010  дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ дар доираи лоиҳаи Қонун масъалаҳои таҳсили наврасон ва ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, ташвиқу тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, тамоюлҳои иртиҷоӣ, бекоргардӣ, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва муҳоҷирати ғайрирасмии меҳнатӣ баррасӣ гардид, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд. Дар чорабинӣ ҷавонони маҳаллӣ оид ба масъулияти баробар доштани  падару модар ҳарф зада, аз ҷумла манъ кардани харид ва фурӯши маводи машруботӣ ва тамоку ба кӯдаконро  мавриди баррасӣ қарор  доданд.  

Декабрь 30, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад