МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

Декабрь 22, 2010 16:12

Хоруғ,  22 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Кормандони раёсати Агентии  назорати  давлатии молиявӣ ва  мубориза бо  коррупсияи ВМКБ  доир ба  пешгирӣ, ошкор ва ба  ҷавобгарӣ   кашидани  гурӯҳҳои  ҷиноятпеша фаъолияташонро  пурзӯр  менамоянд. Ҷиноятҳои  коррупсионӣ фаъолияти  мӯътадили мақомоти  давлатиро  халалдор ва  ба  раванди  рушди  иҷтимоиву  иқтисодӣ таъсири  манфӣ  мерасонанд. Самти  муҳими  фаъолияти  раёсатро  сардори  он  Шодибек Ҷавов зимни  гузаронидани  таҳлилу  санҷишҳо  дар  идораву  корхонаҳо доир  ба  истифодаи  мақсадноки  маблағҳо  муайян  намуд. Давоми  11 моҳи  соли  ҷорӣ  кормандони  раёсат  дар  80  муассисаву  корхонаҳо  иҷрои  қисми  даромад ва  хароҷотро  мавриди  таҳлил  қарор  доданд.   Санҷишҳо  нишон   доданд, ки  аз  аввали сол инҷониб  дар идораву  ташкилот 25 ҷинояти хусусияти  коррупсионӣ дошта,  аз  ҷумла ҳодисаҳои сохтакории  хизматӣ,  тасарруфи пулу мол  ошкор  шуданд. Маблағи  зарар  дар ҳаҷми 729705 сомонӣ рӯёнида шуда, аз  ин ҳисоб  114863  сомонии он ба буҷа  ворид  гардид.    

Декабрь 22, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид