МУЛОҚОТИ А.МИЛЛЕР БО ХАБАРНИГОРОН

Декабрь 7, 2010 13:07

   Душанбе,  7 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Д.Ҷонмард). – Раиси Ҷамъияти  саҳомии «Газпром» — и  Федератсияи  Русия  Александр  Миллер  имрӯз баъди  анҷоми  мулоқоташ бо  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон бо  хабарнигорон  мухтасар  сӯҳбат  карда,  ба  саволҳои  онҳо ҷавоб дод.              Вай  зикр намуд, ки  имрӯз  дар  кони  гази Сариқамиш пармакунии   замин  шурӯъ хоҳад  шуд.  Қайд  карда шуд, ки дар  мавзеи  Сариқамиш  захираи  гази  табиӣ  дар  чуқурии  6300 метр  ҷойгир  шудааст. Кони  гази  Сариқамиш  дар  қаламрави  ИДМ  кони  чуқуртарин  ба шумор  меравад.               А.Миллер  хабар  дод, ки барои  анҷом  додани  корҳои  тадқиқотию  ҷустуҷӯӣ  ба  Тоҷикистон  техника ва  таҷҳизоти навтарин оварда шуд, корҳо  дар  ин ҷо  аз рӯи технологияи  муосир  гузаронида  мешаванд.             Раиси  Ҷамъияти саҳомии  «Газпром» изҳор  намуд, ки «Мо  шарикони  стратегии Тоҷикистон  дар  соҳаи  истихроҷи  газ мебошем. Бинобар  ин аҳамияти  мавриди  истифода  қарор  додани  захираҳои  газро  барои  Тоҷикистон  ба  хубӣ  дарк  менамоем».            Мувофиқи  ҳисобҳои  пешакӣ, ҳаҷми  захираи  гази табиӣ  дар  мавзеи  Сариқамиш   зиёда  аз 60  миллиард  метри мукааб  мебошад, ки дар  оянда  эҳтиёҷоти  Тоҷикистонро  ба  газ  дар  давоми  50  сол  қонеъ  хоҳад  гардонд.             Ба  қавли  А.Миллер,  зимни  сӯҳбат  бо  Президенти  Тоҷикистон  роҷеъ ба  вусъат  додани  доираи  таҳқиқоти геологӣ  дар қисмати  шимолии  Тоҷикистон,  инчунин  омода  сохтан  ва  бозомӯзии  кадрҳои  соҳаи  истихроҷи  газ  мувофиқа ба  даст овардааст.                              

Декабрь 7, 2010 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад