МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО КАДРҲОИ НАВТАЪИНШУДА

Декабрь 4, 2010 11:11

03 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ  пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат барои таъини кадрҳои роҳбарӣ дар раёсату шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат мувофиқат ҳосил шуд, аз ҷумла доир ба Сардори Раёсати навташкили корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт таъин кардани Мустафоқул Рустамов ва Муовини аввали Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин шудани Ҳотамҷон Додобоев. ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии як қатор шаҳру ноҳияи тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иваз карда шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз талаботи давлату ҳукумат доир ба таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои вазнину муташаккил  ва вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбӣ ва ба ҳушёрию зиракӣ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуд.

Декабрь 4, 2010 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд