МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЖАН-МАРИ ХАЛСДОРФРО

Декабрь 6, 2010 16:24

 Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»)- 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиа ва корҳои дохилии Люксембург Жан-Мари Халсдорфро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Люксембург дар чаҳорчўби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва нерўҳои эътилофии посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд. Зимни баррасии масоили дуҷониба Жан-Мари Халсдорф аз номи роҳбарияти давлати Люксембург Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки барои такони нав бахшидан ба ҳамкории судманди ду кишвар соли оянда ба ин кишвари Аврупо сафари расмӣ анҷом диҳад.   Жан-Мари Халсдорф ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон ва ҳамкории пурсамар бо нерўҳои эътилофии посдори сулҳ дар ин кишвар арзи сипос намуд. Зимни сўҳбат доир ба дурнамои авзои Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва  роҳҳои пешгирӣ аз истеҳсолу гардиши маводи мухаддир ва паҳншавии терроризму экстремизм аз ин кишвар гуфтугўйи судманд сурат гирифт. 

Декабрь 6, 2010 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид