МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО А. МИШАРИН

Декабрь 15, 2010 08:14

Душанбе, 15 декабр. (НИАТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Дирўз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо волии  вилояти Свердловски Федератсияи Россия А. Мишарин, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад,  мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи имрўза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо  минтақа ва  вилояту шаҳрҳои  алоҳидаи Федератсияи Росссия  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо қаноатмандӣ  таъкид гардид, ки дар баробари робитаю ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ бо Федератсияи Россия, Тоҷикистон ҳамзамон бо беш аз 60 минтақа ва вилояту шаҳрҳои ин давлат  додугирифти тиҷоратӣ дорад. Дар мулоқот  ҳамзамон доир ба масоили дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва вилояти Свердловск,  хусусан густариши робитаҳои тиҷоратии вилоят ва шаҳрҳои Тоҷикистон бо ин вилоят ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия  мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.  

Декабрь 15, 2010 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид