МУСОҲИБАИ Э. РАҲМОН БО ХАБАРНИГОРОНИ МОҲНОМАИ «ВАШИНГТОН ДИПЛОМАТ»

Декабрь 4, 2010 10:11

3 декабр соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат» — и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоҳиба орост. Хотиррасон бояд намуд, ки ин нашрия моҳе як бор дар шаҳри Вашингтон — пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр гардида, ба доираҳои дипломатӣ ва сохторҳои сиёсӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-тадқиқотии ин кишвар ва зиёда аз 180 давлати ҷаҳон дастрас карда мешавад.  Маводи ин моҳнома ҳамчунин тавассути сомонаи интернетии он дастраси миллионҳо нафар хонандагон мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори хабарнигорони амрикоӣ оид ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақа, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон сарчашмагиранда, рафъи  мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, истифодаи босамар аз захираҳои фаровони табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии  Тоҷикистон посух дод. ҳайати эҷодии моҳнома тасмим гирифтааст, ки дар яке аз шумораҳои наздики он мусоҳибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва як силсила мақолаю гузоришҳоро дар бораи Тоҷикистон ба чоп расонанд. Хабарнигорони амрикоӣ ҳамчунин тасмим доранд, ки як барномаи муфассали телевизионӣ таҳия намуда, аз тариқи телевизиони «MHZ worldview» пахш намоянд. Чунонки аён шуд, ҳадафи онҳо шиносоии бештару беҳтари Тоҷикистон, аз ҷумла сарватҳои табиӣ, имконоти ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва осори фарҳангию зебоиҳои кишвари афсонавии мо ба оламиён аст.

Декабрь 4, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд