МУТТАҲИДИИ ҶАВОНОНИ МИНТАҚАИ РАШТ

Декабрь 30, 2010 15:39

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-29 декабри соли 2010 дар маркази ноҳияи Рашт даври ҷамъбастии маҳфили ҳозирҷавобон зери унвони «Ташаббусҳои хайрхоҳона – кафили саломатии ҷавонон» бо иштироки 5 даста аз ҳисоби ихтиёриёни   ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ташвиқу тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, тамоюлҳои иртиҷоӣ, бекоргардӣ, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ миёни ҷавонон мебошад. Дар ҷараёни чорабинӣ зиёда аз 3000 наврасон ва ҷавонон бо иттилооти зарурӣ фаро гирифта шуданд. Дар даври ниҳоии маҳфил роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, ғолибон ва иштирокдоронро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардониданд.  

Декабрь 30, 2010 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард