НАШРИ ЗИНДАГИНОМАИ МУҲАМММАД (С) БО ЗАБОНИ РУСӢ
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Чанде пеш нашриёти маъруфи «Петербургское Востоковедение» («Шарқшиносии Петербург») китоби профессори Донишгоҳи Теҳрон Сайид Алӣ Миршарифӣ бо номи «Паёмовари раҳмат» («Вестник милости»)-ро, ки ба зиндагиномаи Паёмбари ислом бахшида шудааст, бо забони русӣ интишор намуд. Тарҷумаи китоб тавассути ҳамватани мо Муҳаммадсалом Махшулов анҷом шудааст. Ҳадафи ин нашрия ошно намудани хонандаи русзабон бо таълимот, арзишҳои исломӣ ва зиндагиномаи паёмбари акрам аст. Муаллифи китоб бо истифода аз мӯътабартарин манбаъҳои хаттии қадим ва муосир муҳимтарин ҷанбаҳои зиндагӣ ва фаъолияти паёмбарро бо истифода аз таҳлили амиқи илмӣ ва услубшиносӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Муаллиф бо як маҳорат ва огоҳии хосе сатҳи эътибор ва арзиши илмии манбаъҳо ва сарчашмаҳои хаттии мавриди истифодаашро низ баррасӣ ва мушаххас намудааст. Муҳаммадсалом Махшулов тайи чанд соли охир теъдоди зиёди осори донишмандони исломӣ, аз зумраи Имом Ғаззолӣ, Муртазо Мутаххарӣ, Аллома Таботабоӣ, Сайид Ҳусайни Наср, Абдулҳусайни Зарринкӯб ва дигаронро тарҷума намудааст, ки тавассути нашриёти академии Русия — «Восточная литература РАН», «Петербургское востоковедение» «Исток» ва «Андалус» ба забони русӣ ба табъ расидаанд. Муҳаммадсалом Махшулов моҳи феврали соли ҷорӣ барои тарҷумаи ду асари донишманди маъруфи ҷаҳони ислом Муртазо Мутаххарӣ — «Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон» ва «Инсони комил», — ки аз ҷониби нашриёти академии «Петербургское востоковедение» ба табъ расида буданд, сазовори дарёфти Ҷоизаи Байналмилалии «Китоби соли Эрон» гардида буд. Пас аз устод Сотим Улуғзода ӯ дуюмин тоҷикест, ки сазовори дарёфти ин ҷоизаи байналмилалӣ дониста шудааст. Ҳоло ӯ ба тарҷумаи китоби сеҷилдаи донишманди шаҳири эронӣ Муҳаммад Такӣ Мисбоҳии Яздӣ — «Омӯзиши ақоид», ки дар ояндаи наздик аз тарафи яке аз нашрияҳои академии Маскав ба табъ мерасад, машғул аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






