НАВИСАНДАИ АСАРҲОИ ТАХАЙЮЛӢ ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) — Шаби 2 ба 3 декабри соли ҷорӣ дар синни 83 солагӣ шоир, нависанда ва драматурги барҷастаи тоҷик Абдумалик Баҳорӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз, 3 декабр дар шаҳри Душанбе барпо гардид. Абдумалик Баҳорӣ 22 марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи бофанда ба дунё омадааст. Ӯ соли 1946 факултаи адабии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи Кировро хатм намуд. Аз соли 1951 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба сифати муҳаррир, сипас мудири шӯъбаи адабиёт ва муовини муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», аз соли 1961 то 1965 дар вазифаи муҳаррири маҷаллаи адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии «Садои Шарқ» кор намудааст. Баъдан ӯ чун сармуҳаррири ҳайати барномавии Вазорати фарҳанги РСС Тоҷикистон ва муҳаррири калон дар нашриёти «Ирфон» фаъолият намудааст. Абдумалик Баҳорӣ беҳтарин шоири кӯдаксаро ба ҳисоб мерафт. Достонҳои афсонавии шоир дар эҷодиёти ӯ мавқеи назаррас доранд. Абдумалик Баҳорӣ аввалин нависандаи асарҳои афсонавӣ-тахайюлӣ дар адабиёти бадеӣ мебошад. Дар маҷмӯаи асарҳои илмӣ- тахайюлии ӯ ҳикояҳои «Хавфи духтур Мансур», «Занбӯри айнакдор»(1971), «Ғароиботи Нодар» (1972), «Бозгашт» (1973), «Санбул» (1974), «Савораҳои навҷавон» (1975), «Фирори ассистент» (1981) шӯҳрати калонро соҳиб гашта, ба чандин забонҳои дунё тарҷума шудаанд. Абдумалик Баҳорӣ барои саҳми назаррасу арзандааш дар пешрафти назми тоҷик бо чандин мукофоти давлатӣ сарфароз гардида, унвони «Шоири Халқии Тоҷикистон»-ро дошт ва ҳамчунин барандаи ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ буд. Хотираи неки адиби зиндаёд Абдумалик Баҳорӣ дар дили ҳаводорони назми ӯ боқӣ мемонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






