НИГИНАИ ҲУНАР САҲНАРО ТАРК НАМУД

Декабрь 22, 2010 11:23

              Душанбе, 22 декабр, (АМИТ «Ховар»).-Сарояндаи машҳур, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нигина Рауфова дар синни 65 солагӣ аз бемории сактаи қалб аз дунё чашм пӯшид.             Марҳум аз соли 1989 то ба нафақа баромадан дар ҳайати ансамбли овозадори «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамуд. Солҳои тӯлонӣ ӯ дар ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Тӯли фаъолияти хеш барои саҳми назаррасаш дар пешрафти соҳаи фарҳангу ҳунар бо ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва чандин ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.             Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1975 фаъолияти кориашро дар ҳайати ансамбли «Рубобчизанон» оғоз намудааст. Аз соли 1975 сар карда, дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ ба фаъолият пардохтааст. Сурудҳои  «Аскарбача», «Бӯи гул», «Қадат баланд аст», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонат», «Наргиси шаҳло» ва дигарҳо аз зумраи беҳтарин ва машҳуртарин сурудҳои ӯ ба шумор мераванд.  

Декабрь 22, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид