РОҲИ НАВИ ҲАВОӢ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Ширкати ҳавонавардии «Эйр Остона» дар байни пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ва шаҳри Алмаато роҳи нави ҳавоӣ кушод. Ҳавопаймои нахустин аз Алмаато ба Душанбе 21 ноябри соли равон парвоз кард. Акнун ҳавопаймоҳои мусофирбар дар байни Душанбе ва Алмаато ҳар ҳафта се маротиба — рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз мекунанд. Намояндаи ширкати «Эйр Остона» дар шаҳри Душанбе Нозим Иминов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки мусофирон ба воситаи ҳавопаймоҳои «Фоккер – 50» кашонида мешаванд. Чунин ҳавопаймо барои 50 мусофир ҷойи нишаст дорад. Ба туфайли кушодани роҳи нави ҳавоӣ ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон бештар густариш меёбад. Ба шарофати он инчунин соҳаи туризми ҳар ду кишвар тараққӣ хоҳад кард. Мусофирони тоҷик метавонанд, аз фурудгоҳи Алмаато ба шаҳрҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Маскав, Урумчӣ, Пекин, Сеул, Абӯ — Забӣ ва ғайра парвоз кунанд. Нархи чиптаи ҳавопаймои мазкур аз Душанбе то Алмаато 675 сомонӣ ва нархи чиптаи рафту омади он 1251 сомонӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






