ШУРОИ НАВ ДАР НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят ва бартараф намудани мушкилиҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ монеаҳо эҷод менамоянд, диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Вобаста ба ин мунтазам вохӯ рии раиси вилоят бо соҳибкорон гузаронида мешавад. Баъд аз вохӯрии навбатии раиси вилоят бо соҳибкорон рӯ зи 18 ноябри соли 2010 тибқи қарори раиси вилоят аз 30 ноябри соли 2010, №341 Шӯ рои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки Корпоратсияи байналмиллалии молиявии гурӯ ҳи Бонки Ҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Шӯ рои мазкур иброз намуд. Тибқи Низмномаи Шӯ ро бо Амри раиси вилоят дар ҳайати Шӯ рои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби бахши давлатӣ муовини Раиси вилоят — сарпарасти соҳа, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ, мененҷери лоиҳаҳо оид ба рушди бахши хусусии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлилгари Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар вилоят, намояндаи бахши илм, декани факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва намояндагони бахши хусусӣ, роҳбари ҶММ «Навобод»-и ноҳияи Ҷомӣ, роҳбари ҶСШК «Зиёратшоҳ»-и ноҳияи Фархор тасдиқ гардиданд. Корпоратсияи байналмиллалии молиявии гурӯ ҳи Бонки Ҷаҳонӣ тариқи озмун роҳбари Котиботи Шӯ рои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузориро интихоб намуд, ки ҳамзамон роҳбари Котиботи Шӯ ро намояндаи Корпоратсияи мазкур дар вилоят мебошад. Дар назар гирифта шудааст, ки ҷаласаи аввалини Шӯ рои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар моҳи январи соли 2011 баргузор хоҳад гардид.








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






