СИЛСИЛА МУЛОҚОТҲОИ ДУҶОНИБАИ Э.РАҲМОН ДАР ОСТОНА
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши ҳафтуми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазокистон қарор дорад. Худи ҳамин рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда, доир ба масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таъмини амнияту субот, рушди ҳамкории минтақавӣ, истифода аз захираҳои обию энергетикӣ ва ҳифзи боэътимоди муҳити зист андешаронӣ хоҳад кард. Дар шаҳри Остона ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Австрия Хайнс Фишер, Президенти Украина Виктор Янукович, Президенти Финландия Таря Халонен ва Муовини Сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалез. дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






