СИЛСИЛАИ МУЛОҚОТҲОИ ДУҶОНИБАИ Э.РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ОСТОНА

Декабрь 2, 2010 08:47

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Президенти  Украина  Виктор  Янукович   Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Президенти  Украина  Виктор  Янукович масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Аз рушди муносибатҳои дўстона ва бар боварии мутақобила асосёфтаи ду кишвар ва аз он, ки ба наздикӣ дар Украина сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Виктор Янукович низ ҳавасмандии Украинаро ба ифтитоҳи сафорати худ дар Тоҷикистон таъкид намуд. Ба дурнамои ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарии ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Барои таъмини густариши бештари ҳамкории судманд ҷоннок намудани кори комиссияи муштараки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина зарур шумурда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам гуфтугўи судманд сурат гирифт.     Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалез масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду  кишвар баррасӣ шуд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як қатор мулоқотҳои муҳими дуҷониба анҷом дод. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалез масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду  кишвар баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон Испанияро «яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, аз ҳамгироии ду кишвар дар чаҳорчўби эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мануэл Чавес Гонсалез «Тоҷикистонро кишвари аз ҷиҳати стратегӣ муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки «Испания тасмим дорад дар шаҳри Душанбе сафорати худро боз намояд». Ҷониби Тоҷикистон низ ба ифтитоҳи сафорати худ дар шаҳри Мадрид изҳори ҳавасмандӣ намуд. Мануэл Чавес Гонсалез аз номи Ҳукумати Испания ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд. Аз ҳамкории сиёсии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳарду ҷониб таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузориро, аз ҷумла дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли гидроэнергетика ва ҳамчунин дар соҳаҳои кишоварзӣ ва туризм, матлуб маънидод карданд. Барои ин ба роҳ мондани мулоқотҳои сатҳи олӣ ва омода намудани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба зарур шумурда шуд. Ба гуфти Мануэл Чавес Гонсалез, ширкатҳои бонуфузи Испания ба истифодаи муштарак аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон манфиатдор мебошанд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчўби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо, сурат гирифт.   Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ив Летерм мулоқот намуд   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як қатор мулоқотҳои муҳими дуҷониба анҷом дод. Зимни мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ив Летерм масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюсел ба имзо расида буданд ва дигар тавофуқоти мавҷуда зоҳир карда шуд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироии Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчўби Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳо сурат гирифт.     Мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Австрия Ҳанс Фишер   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як қатор мулоқотҳои муҳими дуҷониба анҷом дод. Дар мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Австрия Ҳанс Фишер масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Австрия дар ҷалби кўмакҳои техникию башардўстона ба кишвари мо дар солҳои 90 – уми асри гузашта ва аз густариши имрўзаи ҳамкорӣ бо ин кишвари аврупоӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. «Ҳамкории сиёсии мо рў ба густариш мебошад ва машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф хислати мунтазам касб кардаанд», — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Фаъол гаштани Комиссияи муштарак оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва барпо шудани  робитаи мустақим миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар нишона аз ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак оид ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Австрия, ки аз 14 – ум то 16 — уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо натиҷаҳои арзишманд барои ҳарду кишвар анҷом меёбад. ҳанс Фишер изҳор дошт, ки барои густариши бештари муносиботи ду кишвар соли оянда Австрия дар Тоҷикистон мақоми Консули ифтихории худро таъсис хоҳад дод. Барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия анҷом додани сафарҳои сатҳи олӣ ва ба имзо расондани санадҳои бунёдии ҳамкории ду кишвар зарур шумурда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Декабрь 2, 2010 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан Озмуни шаҳрии «Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва хонаи истиқоматӣ» натиҷагирӣ гардид
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд