СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ДАР КАДОМ САТҲ ИСТИҚБОЛ МЕГАРДАД?
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади истиқболи сазовори Соли нави мелодии 2011 ва фароҳам овардани шароити зарурии фарҳангу фароғатии солинавӣ барои сокинони пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Соли нав дар пойтахт тасдиқ мегардад. Ҳамзамон, дар асоси ин қарор муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ муваззаф шудаанд, ки то 27 декабри соли равон ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба итмом расонида, дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти мӯътадили соҳаҳо ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд. Котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 28 то 30 декабри соли 2010 фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум ташкил мешавад. Инчунин, шӯъбаи фарҳанги шаҳр муваззаф шудааст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани Соли нав чораҳои зарурӣ андешида, муассисаҳои давлатии «Сарраёсати ободонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ва «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ороиши бадеии пойтахтро ба муносибати Соли нав ба роҳ монанд. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова вогузор шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






