СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон (тавассути мубодилаи ёддоштҳо) дар бораи сафари хизматии мутахассисони ташкилоти Ҷумҳурии Федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ (DED) баргузор гашт. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд,ки Созишномаро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон хонум Дорис Хертрампф ба имзо расониданд. Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии Ташкилоти Ҷумҳурии Федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ (DED) кушода хоҳад шуд, ки ба дастгирии лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани савияи мутахассисон, фиристодани мутахассисон машғул хоҳад шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






