СУҒД: — ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӣ

Декабрь 1, 2010 10:46

Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барномаи  дарозмуддати  бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ  дар давраи  солҳои 2007-2020 дар вилояти Суғд бо муваффақият амалӣ мегардад. Дар як худи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба миқдори 46 адад  НБО-и хурд бо иқтидори  аз 5 кВт  то 84 кВт  фаъолият бурда истодаанд. Дар маҷмӯъ, иқтидори умумие, ки аз ин нерӯгоҳҳо  истеҳсол мешавад, ба 1,64 Мвт расонида шудааст. Маблағи умумии сарфшуда барои сохтмони ин НБО-ҳои хурд зиёда аз 1500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Соли 2010 дар ноҳияи мазкур  аз 5 адад НБО-и хурди  ба нақша гирифташуда се адад, аз ҷумла НБО-ҳои хурди «Аслонобод» бо иқтидори 5 кВт, «Арнохун-1»  ва   «Арнохун-2», ҳар кадоме бо иқтидори 15 кВт  ба истифода дода шуд. Сохтмони  НБО-и хурди «Кӯҳистон-1» бо иқтидори 500 кВт дар деҳаи Тагоби Оббурдон бо маблағгузории ШСХК «Барқи тоҷик» ва дар деҳаи Даштак  НБО-и хурд бо иқтидори 55 кВт  аз ҷониби соҳибкор  Абдувоҳид Ғаниев  то охири сол бояд ба анҷом расонида шаванд. Мавриди зикр аст, ки дар ҷамоати  Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов  аз тарафи  шаҳрванд  Отаҷон Пӯлотов  бахшида ба  Иди  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон НБО-и хурд бо иқтидори  20 кВт  сохта ба истифода супорида шуд. Инчунин, сохтмони НБО-и хурди «Панҷрӯд» дар шаҳри Панҷакент бо тавоноии 500 кВт  аз тарафи  соҳибкор  М. Насриддинов  идома дорад ва он  то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ бо иқтидори  4300 Мвт, бо  арзиши пешакии 4,5 млн. доллари ИМА, бо саҳмгузории Бонки Исломии Рушд  соли 2008 оғоз гардидааст. То имрӯз корҳои асосӣ  ба маблағи 1,2 млн. доллари ИМА, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ ба маблағи 480,6 ҳазор сомонӣ ё ки 68 фоиз  иҷро шудааст. Ба мавзеи сохтмон ба маблағи 1,5 млн. доллари ИМА таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ  идома доранд. Дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Айнӣ низ сохтмони НБО-и хурди «Джик»  бо иқтидори  260 кВт,  бо арзиши  1,44 млн. сомонӣ ва маблағгузории  Бонки Рушди Осиё  ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ  намуд.  

Декабрь 1, 2010 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд