СУҒД: — ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӣ
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2007-2020 дар вилояти Суғд бо муваффақият амалӣ мегардад. Дар як худи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба миқдори 46 адад НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 кВт то 84 кВт фаъолият бурда истодаанд. Дар маҷмӯъ, иқтидори умумие, ки аз ин нерӯгоҳҳо истеҳсол мешавад, ба 1,64 Мвт расонида шудааст. Маблағи умумии сарфшуда барои сохтмони ин НБО-ҳои хурд зиёда аз 1500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Соли 2010 дар ноҳияи мазкур аз 5 адад НБО-и хурди ба нақша гирифташуда се адад, аз ҷумла НБО-ҳои хурди «Аслонобод» бо иқтидори 5 кВт, «Арнохун-1» ва «Арнохун-2», ҳар кадоме бо иқтидори 15 кВт ба истифода дода шуд. Сохтмони НБО-и хурди «Кӯҳистон-1» бо иқтидори 500 кВт дар деҳаи Тагоби Оббурдон бо маблағгузории ШСХК «Барқи тоҷик» ва дар деҳаи Даштак НБО-и хурд бо иқтидори 55 кВт аз ҷониби соҳибкор Абдувоҳид Ғаниев то охири сол бояд ба анҷом расонида шаванд. Мавриди зикр аст, ки дар ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи шаҳрванд Отаҷон Пӯлотов бахшида ба Иди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон НБО-и хурд бо иқтидори 20 кВт сохта ба истифода супорида шуд. Инчунин, сохтмони НБО-и хурди «Панҷрӯд» дар шаҳри Панҷакент бо тавоноии 500 кВт аз тарафи соҳибкор М. Насриддинов идома дорад ва он то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ бо иқтидори 4300 Мвт, бо арзиши пешакии 4,5 млн. доллари ИМА, бо саҳмгузории Бонки Исломии Рушд соли 2008 оғоз гардидааст. То имрӯз корҳои асосӣ ба маблағи 1,2 млн. доллари ИМА, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ ба маблағи 480,6 ҳазор сомонӣ ё ки 68 фоиз иҷро шудааст. Ба мавзеи сохтмон ба маблағи 1,5 млн. доллари ИМА таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ идома доранд. Дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Айнӣ низ сохтмони НБО-и хурди «Джик» бо иқтидори 260 кВт, бо арзиши 1,44 млн. сомонӣ ва маблағгузории Бонки Рушди Осиё ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






