ТАҚСИМОТИ ЗАМИН ТАРИҚИ ҚУРЪАПАРТОӢ

Декабрь 27, 2010 16:35

Ваҳдат, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»,  З.Давлатова). –  Тавре  муовини  аввали   раиси  шаҳри  Ваҳдат  Қиёмиддин  Абдуллоев  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  дод,  ҳафтаи  равон  оид  ба  амалӣ намудани  қарорҳои  ҲҶТ  «Дар  бораи  гирифтан ва  ба мақомоти  иҷроияи  маҳаллии Ҳокимияти  давлатии шаҳру  ноҳияҳо   додани  қатъаи  замин» ба  таври  шаффоф  тариқи  қуръапартоӣ  дар  маҳаллаи Элоки  Ҷамъоати  деҳоти Дӯстӣ тақсимоти  замин  баргузор  гардид. Номбурда  афзуд, ки  дар  мавриди  қуръапартоӣ  муовини Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муродалӣ  Алимардонов  раиси  шаҳри  Ваҳдат  Анвари  Вайсиддин,  инчунин,  раисони  ноҳияҳои тобеи  маркази  ҷумҳурӣ  иштирок   намуданд. Қуръаи  аввалинро сокини  ҳамин  маҳалла  Бӯригул  Азизова бо рақами  қитъаи  15  соҳиб  гардид. Қуръаи  дуюм бо рақами  қитъаи  3  насиби  Бибимоҳ  Муродова  шуд  Ҳамин  тариқ қуръапартоӣ  ба таври  шаффоф   гузаронида,  26  нафар   сокини маҳаллаи  Элок  соҳиби  замини  наздиҳавлигӣ  гардиданд. Инчунин,  дар  масоҳати  50  гектар  замин тариқи  қуръапартоӣ аз ҷониби Ҳукумати  маҳаллии  шаҳри  Ваҳдат  сохтмони  варзишгоҳ  барои  ҷавонони ҷамоати  Дӯстӣ  ҷудо  карда шуд.

Декабрь 27, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад