ТАВАҶҶӮҲ БА СОХТМОНИ ИНШООТИ СОҲАИ ИҶТИМОӢ

Декабрь 30, 2010 11:42

 Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ — ноябри соли 2010 барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ва сармояи хориҷӣ 1 млрд. 165 млн. сомонӣ   ҷудо  гардидааст, ки ин  37,6 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад.  Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар масоҳати умумии 658,1 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин таъмини аҳолиро ба манзили зист нисбат ба ду соли гузашта беҳтар намуд.  Дар соли ҷорӣ масоҳати умумии биноҳои истиқоматии ба истифода додашуда дар вилояти Суғд 233,4 ҳазор метри мураббаъ ё 35, 5 фоиз, дар вилояти Хатлон — 252,3 ҳазор метри мураббаъ ё 38,3 фоиз, дар шаҳри Душанбе 71,2 ё 10,8 фоиз, дар НТҶ — 101,2 ҳазор метри мураббаъ ё 15,4 фоизро ташкил додаст.           Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд. Дар ин давра — (дар 11 моҳи соли 2010),  аз тарафи аҳолӣ 556, 8 ҳазор метрии мураббаъ ё 84,6 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифода додашуда,  сохта шудаанд.

Декабрь 30, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад