ТАВАҶҶӯҲИ ИМА БА СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 28, 2010 16:30

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди соҳаи кишоварзӣ имрӯз, 28 декабр дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо директори Агентии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)   Джеффри Лерер баррасӣ гардид. Дар ҷараёни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонии (фермерӣ) оилавӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи  «Барнормаи  USAID   оид ба дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ» ба маблағи  28 988  млн. долари ИМА амалӣ мегардад.    Барнома дар самтҳои   афзалиятноки  соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла самаранокии маҳсулоти  кишоварзӣ, ислоҳоти замин, дастгирии ассотсиатсияҳои  истифодабарандагони об, дастгирии  хоҷагидории деҳконии оилавиро дар бар мегирад. Татбиқи ин лоиҳа  бештар ба ҳалли Барномаи таъмини озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ равона карда шуда, маблағҳо барои истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ ва кам кардани фоизи воридоти ин гуна маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷ пешбинӣ шудааст. Аз шӯъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи мазкурро доктори илмҳои сиёсӣ, доктори фахрии илмҳои кишоварзӣ, дорандаи шартномаи USAID  Доналд Ван Атта   роҳбарӣ  менамояд.  Барнома  дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо  давра ба давра  дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМБК ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва истифодаи самараноки заминҳои назди ҳавлигӣ,  ҳамзамон барои ба даст овардани маҳсулоти босифати кишоварзӣ татбиқ карда мешавад. Тибқи барнома  тавассути ҷалби мутахассисони соҳа дар назди ҷамоатҳои деҳот таъсис  додани  марказҳои машваратию маърифатӣ дар назар дошта шудааст.                                             

Декабрь 28, 2010 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад