ВАЗЪИ ДЕМОГРАФИИ КИШВАР ДАР 10 МОҲ
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ — октябри соли 2010 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) 185 ҳазор кӯдаки навзод ва 24 ҳазор ашхоси фавтида, аз ҷумла беш аз 2 ҳазор кӯдакони то 1 соларо ба қайд гирифтаанд,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти Ҷ Т ба мухбири АМИТ «Ховар». Шумораи бақайдгирифташудаи кӯдакони навзоди дар мӯҳлатҳои дар асоси қонун муайяншуда 133 ҳазор нафар ё ин ки 72 фоизро ташкил додааст. Бақайдгирии кӯдакони навзод дар 10 моҳи соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба андозаи 7 фоиз ва бақайдгирии кӯдакони навзоди дар мӯҳлатҳои дар асоси қонун муйяншуда наздик ба 8 фоиз зиёд шудааст. Коэффитсиентҳои умумии таваллуд ва фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 23 ва 4 нафар рост омадааст. Афзоиши бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад. Аммо шумораи ашхоси фавтида дар ин муддат бештар — 24 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 3 ҳазор нафар зиёд аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






