12 ҲУНАРМАНДИ САНГҲОИ ОРОИШЇ ДАР ТОҶИКИСТОН

Январь 28, 2011 09:33

    Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (МТКТ) – и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолї маросими бо тантана супоридани шаҳодатномаи касбазхудкунї ба 12 нафар хатмкунандагони гурӯҳи дуюми курсҳои омӯзиши тароши сангҳои ороишї баргузор гардид.   Боиси тазаккур аст, ки курси тароши сангҳои ороишї дар муассисаи номбурда бо мадад ва ҳамкории Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) соли 2007 таъсис ёфт ва соли 2010 27 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби ҳунари санг тарошӣ гардиданд.    Дирӯз дар ҳузури раиси Кумитаи имдоди Имом Хумайнии ҶИЭ дар Тоҷикистон оғои Раззавї, намояндаи сафорати ҶИЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғои Некпур ва устоди таълим оғои Пешбин, директори муассисаи мазкур А. Фаромӯзов ба 12 нафар хатмкунандагони гурӯҳи дуюми курсҳои омӯзиши тароши сангҳои ороишї шаҳодатномаи касбазхудкунї супорида, онҳоро барои соҳиби касби нодир ва бозоргир шуданашон табрик намуд.

Январь 28, 2011 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид