ҲАЛОКАТИ НОБОЛИҒ ДАР НАТИҶАИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ

Январь 17, 2011 17:10

   Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Аз аввали соли ҷорӣ то 16 январ дар ҷумҳурӣ 63 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 19 нафар ҳалок ва 78 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  Садамаи нақлиётие, ки рӯзи 8 январ дар Ваҳдат ба вӯқуъ пайваст, кормандони раёсати тафтишотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд дар таърихи 16 январ ин ҳодисаро ошкор намоянд. Ронандаи автомобили «Toyota Corolla», рақами давлатиаш ВМ 70 67 РТ 01 Маҳмадшоҳ Абдуалимов (соли таваллудаш 1983) дар тӯи ҳамширааш дар деҳаи Тангаии ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат ҳангоми автомашинаро ба қафо рондан аз беэҳтиётӣ ҷияни ноболиғи худро зер мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат мерасад.   Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.  

Январь 17, 2011 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад