ҶАЛБИ ШИРКАТҲОИ БОНУФУЗИ ҲАВОПАЙМОӢ БА ҲАМКОРӢ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ба қавли Азиз Иброҳимов- муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои беҳбудӣ бахшидан ба рушди иқтисодии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо фармони директори генералии фурудгоҳ «Дар бораи тасдиқ кардани Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии фурудгоҳи Душанбе дар соли 2010» ба тасвиб расида, «Бизнес-нақшаи рушди фурудгоҳи Душанбе дар соли 2010» ва «Барномаи рушди фурудгоҳи Душанбе дар солҳои 2010-2020» таҳия шудаанд. Барномаву нақшаҳои мазкур рушди марҳила ба марҳилаи фурудгоҳро бо мақсади сабуксозии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ пешбинӣ менамоянд. Масъалаи дигари хеле муҳим, афзуд номбурда, вусъат додани доираи хизматрасониҳои фурудгоҳ аст. Дар ин раванд чун вусъати хизматрасониҳо дар соҳаи таъмини таблиғот (реклама), иҷорадиҳии баъзе иншоот ба сохторҳои тиҷоратӣ, ташкили таваққуфгоҳи пулакии нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди фурудгоҳ, инчунин, барои ҳамкорӣ ҷалб намудани ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоии мусофирбар ва боркашонӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гаштанд. Роҳбарияти фурудгоҳ дар ин самт хеле ҷиддӣ кор бурда, аз ҷумла соли 2010 ширкатҳои бонуфузи ҳавопаймоии «Эйр Балтик Корпорейшн» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Астана Эйр»-ро ба ҳамкорӣ ҷалб намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






