19% АФЗУДАНИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ ДАР СУҒД

Январь 21, 2011 09:26

   Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Солҳои охир дар қаламрави вилояти Суғд соҳаи саноат, бахусус саноати сабук бо суръат густариш ёфта, истеҳсоли мол ва маҳсулоти ниёзи мардум афзудааст. Дар соли сипаришуда нисбат ба соли 2009 дар қаламрави вилоят истеҳсоли қувваи барқ, ангишт, газ, хишти сохтмонӣ, семент, қолинҳо ва маснуоти қолинӣ, матои тайёри пахтагин, либосҳои дӯхташуда, мебел, пойафзол, истеҳсоли нон, гӯшт, орд, панир, оби маъданӣ, оби ҷав, сигарет ва коняк бештар гардидааст.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки истеҳсоли маводи ниёзи мардум бо ҳисоби нӯшокиҳои спиртӣ давоми соли 2010-ум 702373,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2009-ум 114354,3 ҳазор сомонӣ ё худ 19,5 фоиз зиёд аст.  Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 578150,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс бо соли 2009-ум 92436,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 19 фоиз зиёд мебошад.

Январь 21, 2011 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад