АФЗОИШИ НАВЪҲОИ САБЗАВОТ ДАР ГАРМХОНАҲО

Январь 31, 2011 17:07

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Бино ба иттилои раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ тибқи  супориш дурнамои гармхонаҳои доимӣ 68,26 гектар мебошад, майдони киштшуда 40,16 гектарро (59%) дар бар мегирад, ки аз он помидор 17,13 гектар, бодиринг 11,04 гектар, дигар навъҳои сабзавот 11,99 гектарро  ташкил медиҳанд. То санаи 31.01.11 аз гармхонаҳо 11,5 тонна помидор, 93,7 тонна бодиринг ва 5,6 тонна дигар навъи сабзавот истеҳсол шудааст. Дар ВМКБ майдони киштшуда 1,48 гектар, помидор 0,09 гектар, бодиринг 0,29, дигар сабзавот 1,1 гектарро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд  супориш 25,01 гектар, майдони киштшуда 19,04 гектар (76,1%) буда, помидор 7,05 га, бодиринг 4,51 гектар, дигар сабзавот 7,48 гектарро дар бар мегирад. Дар вилояти  Хатлон супориш 28,91 гектар, майдони киштшуда 14,92 гектар  (52%)-ро  дар бар мегирад. Дар масоҳати 7,75 га замин кишти помидор, дар 5,30 га кишти бодиринг, дар 1,87 га кишти дигар навъҳои сабзавот гузаронида шудааст. То имрӯз аз гармхонаҳои вилоят ба миқдори 5 тонна помидор, 93,7 тонна бодиринг, 5 тонна дигар  навъҳои сабзавот истеҳсол шудааст.  

Январь 31, 2011 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид