АФЗОИШИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар соли 2010 теъдоди ташкилотҳои қарзӣ ба 138 адад баробар шуда, 14 бонк, 3 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд ва 44 фонди қарзии хурдро ташкил дод. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон то 31-уми декабри соли 2010 афзоиши пасандозҳо нисбат ба соли гузашта 31 фоизро ташкил дода, ба 3,46 миллиард сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 34,4 фоиз зиёд гардида, 1,5 милиард сомониро ташкил дод. Фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 16,22 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 14,98 фоизро ташкил намуданд. Қобили қайд аст, ки нисбат ба соли 2010 фоизҳои миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 7 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,5 банди фоизӣ кам гардиданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






