АВВАЛИН НАТИҶАҲОИ МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Январь 18, 2011 09:04

   Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрўз, 17 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2010 ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳо барои соли равон кори худро оғоз намуд.  Дар маҷлиси васеъ аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бонкҳо, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.   Дар ҷараёни маҷлис роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли гузашта ва нақшаҳои минбаъдаашон ҳисобот медиҳанд.    Дар оғози маҷлис доир ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2010 ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ва Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2010 ба 24,7 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2009 ба 6,5% баробар шуд. ҳаҷми таваррум бошад 9,8% -ро ташкил дод. Дар давоми сол ба Буҷети давлатӣ 6,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст. Айни ҳол дар кишвар 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ мегарданд. Аз ин маблағ 6,3 миллиардаш аз худ карда шудааст.   Дар соли сипаригашта, ҳаҷми савдои хориҷӣ 18% афзудааст, вале нишондодҳои воридот ҳамоно аз содирот бештар аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани тафовути манфии савдои хориҷӣ чораҳо андешанд, то ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва анвои он афзун гардад.   Доир ба масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳамчунин Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, Сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов, Раиси бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ҳисобот доданд.     Доир ба мубориза бо ҷинояткорию қонуншиканӣ ва ҳифзи амнияту тартиботи ҷамъиятию ҳуқуқӣ ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймидин Ятимов, Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, Директори Агентии назорати маводи нашаовар Рустам Назаров ва Раиси Кумита оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов шунида шуд.   Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, аз ҷумла аз шумораи куштор ва худкушӣ, хариду фурўши ғайриқонунии замин, хусусан дар ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, Бохтар ва Бобоҷон Ғафуров ва сўйиистифода аз вазифа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд.Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла зикр гардид, ки зимни 1206 санҷишу тафтиши молиявии дар давоми сол гузарондашуда 110,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки бештари он бо роҳи изофанависӣ ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва напардохтани андоз тасарруф гардидааст. Аз ин маблағ 76,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ баргардонда шуд. ҳаҷми маблағи барқароршуда нисбат ба соли 2009 2 баробар зиёд аст.    Дар ҳисоботҳои дигар аз ҷумла аз гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳаракату гурўҳҳои даҳшатафкану ифротгаро ва ба доми фиреби доираҳои ҷиноятпеша афтодани онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз 3 ҳазор ҷавонону наврасоне, ки дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, 924 нафар ба ватан баргаштанд. Бо таассуф зикр гардид, ки қисми зиёди онҳое, ки барои таҳсил ба хориҷа фиристода шудаанд, забони модарии худро хуб намедонанд ва аз одобу ахлоқи миллии хеш дур мондаанд.    Нимаи дуюми рўз оид ба нишондодҳои рушд дар соҳаҳои худ Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул ва роҳбарони чанд корхонаи саноатӣ, аз ҷумла Ширкати алюминийи тоҷик, Тоҷиксемент, Востокредмет, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ Маҳмадтоир Зокиров, Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, Вазири адлия Бахтиёр Худоёров, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, Директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева, Раиси кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов ва Директори Агентии сохтмон ва меъморӣ Абдувалӣ Комилов ҳисобот доданд.   Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2010 ва муайяну мушаххас кардани вазифаҳо барои соли равон пагоҳ идома меёбад.   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 18, 2011 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад