БАРГАРДОНИДАНИ 924 НАФАР ҶАВОНОН АЗ МАКТАБҲОИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ

Январь 18, 2011 11:21

    Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2010, ки дирўз, 17 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кори худро оғоз намуд, доир ба мубориза бо ҷинояткорию қонуншиканӣ ва ҳифзи амнияту тартиботи ҷамъиятию ҳуқуқӣ ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймидин Ятимов, Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров ва Раиси Кумита оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов шунида шуд.    Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, аз ҷумла аз шумораи куштор ва худкушӣ, хариду фурўши ғайриқонунии замин, хусусан дар ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, Бохтар ва Бобоҷон Ғафуров ва сўйиистифода аз вазифа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд.     Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, аз ҷумла зикр гардид, ки зимни гузаронидани 1206 санҷишу тафтиши молиявӣ дар давоми сол 110,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки бештари он бо роҳи изофанависӣ ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва напардохтани андоз тасарруф гардидааст. Аз ин маблағ 76,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ баргардонда шуд. ҳаҷми маблағи барқароршуда нисбат ба соли 2009 2 баробар зиёд аст.     Дар ҳисоботи дигар, аз ҷумла аз гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳаракату гурўҳҳои даҳшатафкану ифротгаро ва ба доми фиреби доираҳои ҷиноятпеша афтодани онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз 3 ҳазор ҷавонону наврасоне, ки дар мактабҳои ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, 924 нафар ба ватан баргаштанд. Бо таассуф зикр гардид, ки қисми зиёди онҳое, ки барои таҳсил ба хориҷа фиристода шудаанд, забони модарии худро хуб намедонанд ва аз одобу ахлоқи миллии хеш дур мондаанд.

Январь 18, 2011 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад