БАРНОМАСОЗОНИ ШӮРООБОД ЗИЁД МЕШАВАНД
Шӯрообод, 27 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила паст намудани сатҳи камбизоатии мардум аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Бо ин мақсад аз тарафи шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шӯрообод дар соли сипаригардида 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, 96 нафар шаҳрвандони ноҳия, аз ҷумла 50 нафар зан бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар ин муддат 237 шаҳрванди бешуғл ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия аз ҳисоби ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои мавсимӣ ба 1390 ҷой расонида шуда, 131 нафар шаҳрвандони ноҳия курсҳои омӯзиширо бо ихтисоси кафшергари газию барқӣ, дӯзанда ва барномасоз хатм намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






