БАРРАСИИ ДУ СОЗИШНОМА БО ЧИН

Январь 24, 2011 14:33

   Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-24 январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шӯро ду Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ намуд.   Ин санадҳо Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати интиқоли қувваи барқи 220 кВ «Хуҷанд -Айнӣ» ва Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҷдиди давраи дуюми марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе –Кулма» дар қитъаи «Душанбе-Данғара» мебошанд.   Зикр шуд, ки ин санадҳои байниҳукуматӣ дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин, хусусан амалӣ намудани лоиҳаҳои барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкикистон дар бахши роҳу энергетика нақши муассир мегузоранд.

Январь 24, 2011 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид