ДАР ТОҶИКИСТОН МУҲОҶИРИНИ ХОРИҶӢ ЗИЁДАНД?

Январь 27, 2011 11:14

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯзҳо дар кишвари мо 2360 муҳоҷири меҳнатии хориҷӣ, ки зиёда аз 60 фоизашро шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил медиҳанд, фаъолият  доранд. Аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, ки дар Тоҷикистон, ҳамчунин, 240 нафар шаҳрванди Афғонистон, 124 нафар шаҳрванди Туркия ва зиёда аз 100 нафар шаҳрванди кишвари Ҳиндустон кор мекунанд.  «Соли 2010 барои дарёфти музд ба  Федератсияи Русия 735 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сафар намуданд. Аз ин шумора 12 фоизашро занон ташкил медиҳанд», — зикр намуд манбаъ. Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода тайи 11 моҳи соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба воситаи низоми бонкӣ ба оилаҳои худ 2,1 млрд. доллари ИМА маблағ равон кардаанд.

Январь 27, 2011 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад