ДОДИХУДО САЙМИДДИНОВ – АКАДЕМИКИ ЭРОН
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов ба узвияти Фарҳангистон забон ва адаби Ҷумҳурии исломии Эрон пазируфта шуд. Д. Саймиддинов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки 20 декабри соли 2010 дар ҷаласаи Фарҳангистони забон ва адаби Эрон бо овоздиҳии пинҳонӣ аксарияти узви вобастаи ин Фарҳангистон номзадии маро ҷонибдорӣ намуда, ба узвияти пайвастаи (академики) Фарҳангистони забон ва адаби Эрон пазируфтанд. Ёдовар мешавем, ки то Д. Саймиддинов ба узвияти ин Фарҳангистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадҷон Шакурӣ пазируфта шуда буд. Ба Фарҳангистони забон ва адаби Эрон аз кишварҳои ҳамзабон, аз ҷумла Тоҷикистону Афғонистон нафароне пазируфта мешаванд, ки дар самти эроншиносӣ корҳои шоистаро анҷом додаанд. Аз Афғонистон 3 нафар узви Фарҳангистони Эрон мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






