ФАЪОЛИЯТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ХОРИҶӣ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар рафти таҳлилҳо соли равон аз тарафи кормандони мақомоти андоз нисбати 43 нафар барои вайрон кардани қонунгузории андоз протокол тартиб дода шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки барои истифода набурдани мошинаҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ, сари вақт пешниҳод накардани эъломияҳои андоз, кам нишон додани маоши кормандон ва бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан нисбати 43 нафар протокол тартиб дода шуда, маблағи он пурра ба буҷет ворид карда шуд. Мувофиқи маълумоти аз мақомоти дахлдор дастрасгардида, шумораи шахсони воқеӣ-ғайрирезидентҳо, ки барои анҷом додани фаъолияти касбӣ ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд, айни ҳол 6204 нафарро ташкил менамояд. Айни замон робита ва ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дуру наздик дар доираи ташкилоти минтақавию байналмилалӣ рӯз то рӯз вусъати тоза мегиранд. Ин ба субъектҳои хоҷагидор, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеии ин давлатҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад, то ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахш фаъолият намоянд. Бинобар ин, онҳоро зарур аст, ки дар ин самт қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя карда, сари вақт аз қайди мақомоти андоз гузаранд, эъломияҳои андозро ба нозироти андоз пешниҳод намоянд ва дар ин замина ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ саҳми босазои худро гузоранд,- афзуд манбаъ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






