ФАЪОЛИЯТИ ДУБОРАИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Соли сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 85 корхонае, ки соли 2009 фаъолият надоштанд, аз ҷумла дар системаи Вазорати энергетика ва саноат 36 корхона бо 5537 ҷойи навӣ корӣ («Душанбе-Текс», ҶДММ «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Чин» (собиқ Олтин-Топкан), КМ «Кобул-Тоҷик-Текстайлз», ҶММ «Зарфҳои тефлонӣ»-и Турсунзода, ҶММ «Эҳё пласт»-и Душанбе, «ХимаТекстил»-и Ёвон, «Некӯ Хуҷанд», «Чарми Осиё»-и Данғара, корхонаҳои коркарди гӯшту шир) ба кор дароворда шуданд, гуфт дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки дар миқёси соҳаҳо 27 корхонаи нав ва қаблан фаъолият надошта ба саноати маводи сохтмон, 20 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 15 корхона ба соҳаҳои мошинсозӣ, кимиё ва металлургияи ранга, 13 корхона ба саноати сабук, 5 корхона ба комплекси сӯзишворию энеретикӣ ва 5 корхона ба дигар соҳаҳои саноат мансубанд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти пешакии соли 2010 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар тамоми соҳаҳои саноат таъмин гардид,-таъкид намуд дар хотима Гул Шералӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






