Х. МИРЗОЕВ: «ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-ПЕШ АЗ ҲАМА МАНФИАТИ ПАДАРУ МОДАР»
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳокима гардид. Дар ҷаласа мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Субҳон Кошонов, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерган Шабозов ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок ва мулоҳизаронӣ карданд. Котиби Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ҷаласаро кушода, роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои қабули қонуни мазкур ва муҳимияти баррасии он аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ андешаҳояшро баён намуд. Яке аз муаллифони асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳуқуқшиноси варзида Хурсандмурод Мирзоев роҷеъ ба аҳамияти қабули қонун, бартарии он дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар баробари давлат масъул будани падару модар ва ҷомеа ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки на ҳар як лоиҳаи қонун ба муҳокимаи умумии ҷомеа пешкаш мегардад. Азбаски, ин лоиҳа хеле муҳим ва қабули он саривақтист аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муҳокимаи ҷомеа пешниҳод шуд. Чунин қонун то ҳол дар ягон давлат қабул нашудааст ва ин қонун хусусияти миллӣ дорад. «Бояд махсус таъкид намуд, ки тарбияи фарзанд пеш аз ҳама манфиати ояндаи падару модар аст, зеро фарзанди тарбиятдида ҳам ифтихору сарбаландӣ ва ҳам дастёру номбардори падару модар мебошад», — мӯътақид аст Х. Мирзоев. Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуда, фикру андешаҳои хешро пешкаш карданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки масъулияти сохторҳои давлатӣ низ дар самти пешгирии даст задании наврасону ҷавонон ба корҳои ношоиста ва дур аз ахлоқӣ миллӣ пурзӯртар карда шавад.