ХАРИДУ ФУРӮШИ ЗАМИН-МАСЪАЛАИ ДОҒИ РӮЗ
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурї дар соли 2011 барои сохтмони манзили истиқоматї 11 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст. Бо мақсади тақсими дурусти замин дар ҳар ноҳия комиссияи ҷамъиятї таъсис дода шудааст, — иброз дошт директори Агентии давлатии назорати молиявї ва мубориза бар зидди коррупсия Фаттоҳ Саидов ба хабарнигорон. Бино ба гуфти Ф. Саидов, дар соли 2010 танҳо аз ҷониби кормандони Агенти 134 ҳодисаи истифодаи ғайриқонунии замин ошкор гардида, 26 ҳодисаи ғайриқонунии истифодаи он дар ҳамкорї бо кормандони прокуратура ошкор шуд. Истифодаи нодурусти замин дар соли 2010 бештар дар ноҳияи Рӯдаки ба қайд гирифта шуд. Аз 160 ҳодисаи ғайриқонунии истифодаи замин 17 – тои он ба ноҳияи Рӯдакї, 13 –то ба ноҳияи Ҳисор ва 13 – тои дигар ба ноҳияи Панҷакент рост омад. Дар соли 2010 фурӯши замин ба бизнеси асосии роҳбарони хоҷагиҳо мубаддал гардид, ки дар ин кор ишораи роҳбарони «болотар» низ ҳаст, — таъкид намуд Ф. Саидов.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






