ХАТМКАРДАГОНИ КОЛЛЕҶИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»

Январь 24, 2011 11:38

   Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Таъмини бехатарии парвозҳо ва пешкаш намудани хизматрасониҳои марбут аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» пеш аз ҳама аз шаклу тарзи ташкили фаъолият ва шароитҳои он вобаста аст. Аз ин хотир дар муассиса аз ҷониби маъмурият дар фосилаи ҳисоботӣ корҳои беҳтаргардониву ҳавасманкунӣ анҷом дода шуд. Бахусус яке аз дастовардҳои назаррас ин таҳия ва ба имзо расонидани Шартномаи коллективӣ байни маъмурияти КВД «ТАН» ва Иттифоқи касабаи муассиса (19 феврвли соли 2010) мебошад, ки барои тамоми ҳайати кормандон як қатор имтиёзҳои ҳавасмандкуниро фароҳам оварда, ҳамчунин маҳсулнокиву сифатнокии корро афзуд,- иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов.  Инчунин бо мақсади татбиқи барномаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ музди маоши кормандони муассиса мавриди бозомӯзӣ қарор гирифта, аз 20 то 40 фоиз зиёд шуд.    Бинобар зарурияти истеҳсолӣ 37 нафар мутахассисони соҳаҳои мухталиф ба кор қабул шуданд, ки 15 нафарашон хатмкунандагони коллеҷи Қирғизистон мебошанд.   Дар ҳамин давра дар сохторҳои муассиса бо сабабҳои мухталиф 9 нафар аз вазифаҳояшон барканор гардиданд, гуфт дар хотима А.Мақсудов. 

Январь 24, 2011 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад