«ХУНДАЙ СТАРЕКС» БАРОИ ЧАНД НАФАР АСТ?
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии маъмул ба «Хундай Старекс» дар пойтахт роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро рӯзи дуюм аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе андешидашуда дар пойтахт рейди муштарак давом дорад, ки он то 25 феврал ҷараён мегирад. Тибқи иттилои Абдуҳомид Шералиев, директори Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ин тадбир бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ва беҳдошти сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дар ин бахш андешида шудааст. Дар рейди мазкур, ки роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи назоратии пойтахт иштирок доранд, камбудию норасоиҳои дар бахши хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро дар шаҳр ошкор месозанд. Нисбат ба ронандаҳое, ки тартибу низомро зимни хизматрасонӣ ба мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, хусусан аз меъёр зиёд савор намудани мусофиронро дар микроавтобусҳои истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ — «Хундай Старекс» риоя намекунанд, дар доираи талаботи қонунгузории кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо ҷарима ситонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки микроавтобусҳои «Хундай Старекс» тибқи меъёр барои 7 нафар мусофир пешбинӣ гардидаанд, вале ронандаҳои ин навъи нақлиёт мусофиронро аз меъёр зиёд -то 10 нафар савор менамоянд, ки ин худ қонуншиканӣ ва риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст. Алҳол, дар пойтахт 1790 адад «Хундай Старекс» ва наздики 500 троллейбусу автобус ба мусофирон хизмат мерасонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






