КӮМАКИ БОНКӢ БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ТЕХНОЛОГӢ
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҳанӯз соли 2005 аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳо бо технологияи нави бонкдорӣ ва дар ин замина баланд бардоштани савияи дониши кормандон ба миқдори 240 ҳазор доллари ИМА грант ҷудо гардида буд. Маблағи ҷудогардида барои дастрас ва ҷорӣ намудани барномаи нав ва муосири бонкдории RS-Bank, бозомӯзии кормандон ва таъмини муассисаҳо бо техникаи соҳавӣ аз тарафи Амонатбонк масраф гардид. Имрӯз маҳз тавассути гранти мазкур тамоми 75 филиали бонк ба тавозуни ягонаи муттамарказ ворид гардида, фаъолияти ҳамаи муассисаҳо аз рӯи барномаҳои муосири бонкдорӣ сурат мегиранд. Ҳамзамон қисмати зиёди мутахассисони бонк тавассути маблағгузории номбурда дар дохил ва хориҷи кишвар бо таҳсил ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки имрӯз дар бахшҳои гуногун фаъолияти самарабахш мебаранд. Ин масоил ва дигар тарафҳои ҳамкориҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Бонки Исломии Рушд дар мулоқоти намояндагони ин ташкилоти молиявии бонуфуз дар ҳайати Ҳусейн Зивалч – мутахассиси калон оид ба нархгузорӣ, Фазлиддин Тулагонов – мутахассис оид ба нархгузории Департаменти нархгузории амалиётии БИР ва Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҳамчунин қайд гардид, ки «маҳз кӯмаки Бонки Исломии Рушд дар баланд бардоштани сатҳи техникию технологии муассисаҳои бонк ва донишу малакаи кормандон таъсири мусбат гузошт». Имрӯз Амонатбонк бо барнома ва техникаву технологияи ҷадиди бонкдорӣ муҷҷаҳаз буда, сатҳи фаъолияти он мутобиқ ба стандарҳои байналмилалӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






