КОНИ АНГИШТИ САНГҒАЛТ ФАЪОЛ ШУД

Январь 12, 2011 17:19

    Варзоб, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Соли гузашта 6 корхонаи саноатии ноҳия ба маблағи 65 миллиону 582 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 25 миллиону 176 ҳазор сомонӣ зиёд аст,-иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб Неъматулло Сафаров. Аз ҷумла, кони ангишти Сангғалт хубтар фаъолият намуд ва ба маблағи 3957 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 1865 ҳазор сомонӣ зиёд аст.   Кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия баҳри муҳофизат ва сарсабзии дарахтони ҳудуди ноҳия корҳои намоёнро иҷро намуданд. Онҳо 150 гектар майдони ҷангалро хуб муҳофизат карда, 23 гектар ҷангалро барқарор карданд. Алҳол дар ниҳолхонаи хоҷагии ҷангал зиёда аз 42 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун мавҷуд аст. 

Январь 12, 2011 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад