РО СУНГ МИН ЗУҲУРОВРО БА КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ДАЪВАТ КАРД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Кореяи Ҷанубӣ ба рушди ояндаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон умеди калон дорад, зеро суботу амнияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳукмфармо аст, шароити мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ фароҳам овардааст». Ин матлабро кордори сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ро Сунг Мин дар мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор намуд. Ро Сунг Мин гуфт, ки ҳамчун сафир зимни фаъолияти дипломатиаш омода аст ҷиҳати тақвияти робитаҳои мутақобилан неку судманд байни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, бахусус дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рисолати худро иҷро намояд. Мавсуф, аз номи Раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ Шукурҷон Зуҳуровро даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Кореяи Ҷанубӣ ташриф орад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






