СҲШ МУБОРИЗАРО АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Январь 31, 2011 15:01

Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ бар зидди терроризм  ва Созишнома оид ба омода намудани мутахассисон барои сохторҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои СҲШ дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки  31 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид,  баррасӣ шуд.  Муҳаммадато Султонов,  котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони  ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардиданд.  Зимни тавзеҳи масъалаҳои зикршуда раисони Кумитаҳои  Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки ҳадафи ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонунҳои дар боло зикршуда рушди соҳаи соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озоди соҳибкорон дар ҷумҳурӣ, истифодаи сарфакоронаи об, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзи табиат, тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар заминаи мубориза алайҳи терроризм  ва омода намудани мутахассисон барои сохторҳои зиддитеррористӣ аз ҳисоби шаҳрвандони давлатҳои СҲШ мебошад.

Январь 31, 2011 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд