САБАБИ КАМУ ЗИЁДШАВИИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БОРУ МУСОФИР ДАР ЧИСТ?

Январь 28, 2011 09:41

   Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова ). — Соли 2010 барои кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо бисёр рӯйдодҳои муҳиму фараҳбахш хотирмон буд. Дар фурудгоҳ барномаи пешрафти нишондиҳандаҳои асосии баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор амалӣ гардид. Дар соли 2010 – ум фоидаи умумии фурудгоҳ 69,4 млн. сомониро ташкил дода, ба буҷети ҷумҳурӣ 45,5 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.    Парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 20 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 11 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои ИДМ ва 3 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – «Тоҷик Эйр» ва «Ист Эйр» ба амал бароварда мешаванд.   Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2010 ба 586 956 мусофири парвозкарда ва 486 938 мусофири омада хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1 миллиону 913 тоннаю 987 кг – ро ташкил дод, ба 7190 рейсҳои доимию чартерӣ ва боркашонӣ хизмат расонида шуд.   Ба сурати умум аз рӯи моҳҳо тамоили болоравӣ ва камшавии ҳамлу нақли мусофирону борҳо ба назар мерасад. Сабаби чунин тамоюл пеш аз ҳама таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳамаи намудҳои боркашонӣ, камшавии талабот ба муҳоҷирини меҳнатӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва хориҷаи наздик, инчунин суръати паст ва дар баъзе ҳолатҳо коҳиш дидани рушди иҷтимоӣ — иқтисодии мамлакатҳое мебошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи ҳавоӣ доранд.   

Январь 28, 2011 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад