ШЕЪРДӮСТ: АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶТ МАКОНИ МУҚАДДАС АСТ

Январь 12, 2011 17:16

   Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Гулрӯ Ниёзова).-Дар бинои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Утоқи фарҳанги Эрон» кушода шуд. Дар маросими кушодашавии он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов ва сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст иштирок намуданд.    Он аз се утоқи корӣ иборат буда, дорои теъдоди зиёди китобҳои фарҳангӣ мебошад, ки барои истифодаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳадафи кушодашавии ин утоқи фарҳангиро сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст бахшида ба 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ арзёбӣ кард.   Номбурда дар суханрониаш аз ҷумла зикр намуд, ки «Мо ба Академияи илмҳои Тоҷикистон чун ба як макони муқаддас менигарем. Мо на танҳо дар бахши адабиёт ва фарҳанг, балки дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ дорем». 

Январь 12, 2011 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард