ТӮҲФА БА ЯТИМОН
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба 200 нафар духтарони ятим, ки курсҳои дӯзандагиро хатм кардаанд, як ададӣ мошинаи дарздӯзӣ тақдим намояд. Сайидҷаводи Разавӣ раиси намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «мошинаҳои дарздӯзӣ ояндаи наздик ба духтарони бепарастор тақдим мегардад». Мавсуф афзуд, ки ҳудуди беш аз 100 мошинаи дарздӯзӣ ба духтарони бепарастори вилояти Суғд тақдим мешавад. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ 18 маркази омӯзишии дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат фаъолият менамоянд, ки то ба имрӯз беш аз 3 500 нафар духтарон дар онҳо курсҳои дӯзандагиро хатм кардаанд. Марказҳои мазкур бо мақсади бо ҳунаромӯзӣ, шуғли муайян ва бо ҷойи кор таъмин кардани занону духтарон ифтитоҳ гардида, баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии бонувони тоҷик нақши муносиб мегузоранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






