«ТОҶИКСУҒУРТА»: РАҚОБАТ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Январь 14, 2011 14:02

   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Рақобат дар бозори суғуртаи Тоҷикистон рӯз то рӯз вусъат мегирад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки фаъолиятро дар самти ҷалби мардум ва саривақт пардохт намудани маблағи ҷуброни зарар пурзӯр намоем, то боварӣ ва ҳавасмандӣ бештар гардад», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ, 14 январ раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов.    Ӯ афзуд, ки Ширкати «Тоҷиксуғурта» дар давоми соли 2010 аз рӯи 36 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонид, ки аз онҳо 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 23 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Дар ин муддат бо 1 миллиону 67 ҳазору 800 шахсони воқеиву ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ баста шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14,2 ҳазор шартнома зиёд мебошад.     Дар муддати соли 2010 аз рӯи ҳама намудҳои суғурта 44 миллиону 744 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишуда 127 фоиз иҷро шуд. Пардохтҳои дар соли 2010 воридгардида нисбат ба соли 2009-ум 6 миллиону 901 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.    Мавриди зикр аст, ки Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» дар соли 2010 ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 10 миллиону 513 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар талофӣ намудааст.  

Январь 14, 2011 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд