ВОКУНИШИ Э. РАҲМОН БА ҲОДИСАИ ТЕРРОРИСТИИ ФУРЎДГОҲИ ДОМОДЕДОВАИ ШАҲРИ МАСКАВ

Январь 25, 2011 09:47

   Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки дирўз бегоҳӣ дар фурўдгоҳи Домодедоваи шаҳри Маскав рух дод, андўҳгин буда, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кўмакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати доимӣ қарор додааст.    Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи ин воқеаи даҳшатбор, ки дар миёни издиҳоми мусофирон рух додааст, 35 нафар ҳалок шуда беш аз 100 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ осеб дидаанд.   Намояндагони Сафорат ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир намуданд. Айни ҳол ба ҳамаи маҷрўҳон, аз ҷумла 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар беморхонаҳои шаҳри Маскав ёрии таъҷилии тиббӣ расонида мешавад.Дар бораи вуҷуд доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни фавтидагон ягон маълумот нест. Баробари расидани хабарҳои дақиқ маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳодиса тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн карда мешавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро вазифадор намуд, ки пайваста дар ҷараёни кўмакрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои ғамхорӣ зоҳир кардан ба онҳо мусоидати фаъол намоянд.

Январь 25, 2011 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад